Тоҷикистон-самти туристии ояндадор

Январь 18, 2014 09:44

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»,Некрӯзи Муҳамадсодиқ) .- Моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (Word Economic Form), ки ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳонӣ оид ба таҳлил ва баҳогузории фаъолияти иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад, мавқеи Тоҷикистон дар самти турустӣ 4 зина баланд бардошта шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 17 январ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов зикр намуд.Вай афзуд, ки коршиносони байналмилалӣ сиёсати пешгирифтаи 140 кишвари ҷаҳонро дар самти «Саёҳат ва туризм» мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, Тоҷикистонро ҳамчун самти туристӣ ояндадор арзёбӣ кардаанд.Маврид ба ёдоварист, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 320012 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 207911 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд.

Январь 18, 2014 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд