Тоҷикистон то соли 2015 ба пахши рақамӣ мегузарад
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Мутобиқи созишнома гузаштан ба пахши рақамӣ бояд то моҳи июни соли 2015 анҷом ёбад. Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ Сайдалӣ Сиддиқов зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО дар ин бора изҳор дошт. Татбиқи лоиҳаи гузаштан ба пахши рақамӣ иборат аз шаш марҳала мебошад. Дар марҳалаи аввал пахши рақамӣ шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздик ба пойтахтро фаро мегирад.Дар марҳалаҳои минбаъда усули пахши рақамӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон роҳандозӣ мешавад. Хотирнишон месозем, ки 16 июни соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 119 давлати ҷаҳон Созишномаи минтақавии «Женева – 2006» — ро имзо карда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






