Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш омаданд

Январь 31, 2014 19:35

Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар»). – Шоми имрӯз ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон пас аз анҷоми гуфтушуниди дуҷониба бо ҳамтоёни қирғизи худ аз шаҳри Бишкек ба Душанбе баргашт.Тибқи протоколи муштараки имзошуда, ду ҷониб доир ба бисёр масоили баҳсӣ ба созиш омадаанд. Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки ду кишвар бояд ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи муштаракро тезонанд ва аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар оянда пешгирӣ намоянд.Дар ин санад омадааст: «ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки нерӯҳои иловагии ба марзҳо фиристодаашонро аз минтақаи сарҳадӣ берун бароранд».Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “тарафҳо бар сари чораҳои мушаххаси ба эътидол овардани вазъият низ ба созиш расиданд”.Ҳайатҳои кории ду кишвар ба қарор омадаанд, ки миёнаҳои моҳи феврали соли равон дар маҳалли марзи муштараки миёни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатӣ баргузор намоянд.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузаргоҳҳои сарҳадии миёни ду кишвар баъди иҷрои бандҳои марбутаи ин санад аз ҷониби Қирғизистон боз хоҳанд шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки ҷониби Тоҷикистонро таҳти сарварии Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, як қатор аъзои Ҳукумат, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва ҳамчунин Ёрдамчии Президенти кишвар доир ба масоили амнияти миллӣ намояндагӣ карданд.

Январь 31, 2014 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш