Туман боиси тағйири ҷадвали парвозҳо шуд

Январь 10, 2014 10:50

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бинобар фаромадани тумани зич дар ҷадвали парвозҳои «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тағйирот ворид гардид. Ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад. Аксари ҳавопаймоҳое, ки ҷониби фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд нишастанд. Хатсайри №203 Душанбе -Санкт Петербург, ки бояд соати 21. 30 парвоз мекард, алъон дар Душанбе қарор дорад.Хатсайри №114 Урумчи — Душанбе, ки бояд соати 22. 30 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад.Хатсайри №6019 Урумчи -Душанбе бояд соати 23. 00 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Урумчи қарор дорад.Хатсайри №202 Маскав (Домодедово)-Душанбе, ки бояд соати 24 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад.Хатсайри №803 Маскав (Внуково) -Душанбе, ки бояд соати 03. 00 менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад.Хатсайри №885 Санкт Петербург-Душанбе, ки бояд соати 1. 00 фуруд меомад, дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд қарор дорад.Бино ба иттилои ҳавошиносон тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳад шуд. Мусофирони зиёде, ки алъон парвозашон мавқуф гузошта шудааст, вазъияти баамаломадаро дуруст дарк карда, кушода шудани ҳаворо интизоранд. Аз ҷониби фурудгоҳи Душанбе барои мусофирон ҳама шароит муҳайё шудааст.Нуқтаҳои фурӯши хӯрокӣ, хонаи модару кўдак, толорҳои интизорӣ, толори сабти номи мусофирон, толори тиҷорӣ (CIP) ва дигар хизматрасониҳо муҳайё шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти фурудгоҳ М. Шодиев иттилоъ дод.

Январь 10, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд