Ваъдаи донишҷӯёни ятим ба ректор
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева)-Дар остонаи Соли нави милодӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба 31 нафар донишҷӯи ятими кулл ба миқдори 200 сомонигӣ кӯмакпулӣ тақдим карда шуд.Тибқи иттилои Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуотии донишгоҳи мазкур дар маросими супурдани ин маблағҳо ректори донишгоҳ, академик, Абдуҷаббор Раҳмонов аз толибилмон тақозо кард, ки сессияро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намоянд. Ректор, ҳамзамон, таъкид намуд, минбаъд ҳар донишҷӯи ятиме, ки давомоти хуб дораду супоришҳои муаллимонро сари вақт иҷро мекунад, кӯмакпулии бештар дарёфт хоҳад кард. Инчунин донишҷӯёни сусту танбал мувофиқ ба сатҳи саводнокиашон маблағ хоҳанд гирифт. Яъне, «майдон аз далер аст», ҳар касе ҷаҳду талош кардаю заҳмат кашида мехонад, пули зиёд мегирад.Донишҷӯён ин қарори роҳбарияти таълимгоҳро хуб пазируфта, ҳамовозии хешро ба он изҳор доштанд. Ҳамзамон ваъда доданд, ки ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, аз пайи донишандӯзӣ хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, ки тақрибан як моҳ қабл низ ба толибилмони мазкур аз тарафи раёсати донишгоҳ 200 сомонигӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






