Варзоб – мавзеи дўстдоштанист

Январь 11, 2014 11:10

Варзоб, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соли ҷорӣ дар дарёи Варзоб боз се нерўгоҳи хурди барқи обӣ сохта хоҳад шуд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Акбар Ятимов. Алҳол дар дарёи мазкур 9 адад нерўгоҳи барқи обӣ фаъолият дорад. Дар нишасти матбуотӣ ҳам хабарнигорон ва ҳам масъулини мақомоти иҷроия бо сарварии раиси ноҳия Акбар Ятимов кўшиш карданд, ки масоили мубрами рўз, аз қабили сохтмони нерўгоҳҳо, хизматрасонии тиббӣ, рушди сайёҳӣ, кумак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеаро мавриди баррасии аҳли нишаст қарор диҳанд. Дараи Варзоб бо табиати зебою муъҷизаосояш, гулу гиёҳҳои шифобахшаш, меваҳои ширину шаҳдбораш, минтақаҳои истироҳатии хеш мақбули писанди ҳазорҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ гардидааст. Солҳои охир қомат афрохтани чандин биноҳои ҳозиразамони маъмурию маишӣ, бунёди минтақаҳои нави истироҳатӣ ба ҳусни ин дараи афсонавӣ ҳусни дигар зам намудаанд.

Январь 11, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш