«Ватан ва ифтихори ватандорӣ»- ҳамоиш

Январь 10, 2014 16:13

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар тахти унвони «Ватан ва ифтихори ватандорӣ» баргузор гардид. Ҷамъомадро директори китобхона Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Тавре ки аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷамъомад профессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи «Ватан ва ифтихори ватандорӣ» маърӯза намуд. Инчунин дар чорабинӣ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва кормандони китобхона дар ин мавзуъ табодули назар карданд. Ёдовар мешавем, ки мизҳои мудаввар таҳти унвони Ватан ва ифтихори ватандорӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як моҳ як маротиба доир мешаванд. Дар мизҳои мудаввар ходимони давлатӣ, олимон, нависандагон ва донишҷӯён ширкат мекунанд.

Январь 10, 2014 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш