Вазорати тандурустӣ 98 тонна молҳои тиббиро нобуд сохт
Душанбе, 16 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). – Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ширкати истеҳсолкунандаи маводи дорувории ватанӣ фаъолият мекунад. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ дода шуд.Зикр гардид, ки дар соли 2013 ба маблағи 103 миллиону 761 ҳазору 148 доллари ИМА ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардид. Сифати 35 ҳазору 147 адад намуди маводи доруворӣ санҷида ва ба 34 ҳазору 896 намунаи адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлилӣ дода шуд. 251 намунаи адади онҳо аз сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои стандартӣ аз муомилот гирифта шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо аз тарафи комиссияи махсус миқдори 98 тонна маводи доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат сӯзонида несту нобуд карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






