Веб сайти www.minprom.tj фаъол гардид
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Имрӯз, 31 январ сайти расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зикр намуд. Акнун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд тамоми иттилооти заруриро роҷеъ ба фаъолияти вазорат аз веб сайти www.minprom.tj дастрас намоянд. Шавкат Бобоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла тамоми намояндагони Воситаҳои ахбори оммаро барои ҳамкорӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар беҳтар намудани кори ин веб сайт даъват намуд. «Рӯзноманигорон ҳамарӯза бо фаъолияти дигар сайтҳо сару кор дошта, метавонанд ба мо низ маслиҳатҳои муфид диҳанд»,-гуфт Шавкат Бобоев.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






