Веб сайти www.minprom.tj фаъол гардид

Январь 31, 2014 11:04

Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Имрӯз, 31 январ сайти расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зикр намуд.  Акнун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд тамоми иттилооти заруриро роҷеъ ба фаъолияти вазорат аз веб сайти www.minprom.tj дастрас намоянд. Шавкат Бобоев дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла тамоми намояндагони Воситаҳои ахбори оммаро барои ҳамкорӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар беҳтар намудани кори ин веб сайт даъват намуд. «Рӯзноманигорон ҳамарӯза бо фаъолияти дигар сайтҳо сару кор дошта, метавонанд ба мо низ маслиҳатҳои муфид диҳанд»,-гуфт Шавкат Бобоев.

Январь 31, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш