Вохӯрӣ бо нозир -хазинадорон
Душанбе, 20 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҷамшед Норинов бо нозир -хазинадорони филиалҳои «Амонатбонк» дар навоҳии тобеи марказ вохӯрд. Мақсад аз вохӯрӣ шиносоӣ бо онҳо ва шароити кору хизматрасониашон ба мизоҷони бонк буд. Дар вохӯрӣ Ҷамшед Норинов оид ба хатоҳои аз тарафи кормандон содир шуда ва сабаби таъсири он ба имиҷи Бонк ибрози ақида намуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик масъалаи баланд бардоштани маоши онҳоро баррасӣ намояд. Инчунин дар ин рӯз машварати корӣ марбут ба таҷҳизоти ПОС-терминал барои пардохти нафақапулиҳо ва ҳамчунин интиқоли маблағҳову муомилоти пул дар марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо) гузаронида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






