Вусъати корҳои таъмирӣ дар нақби «Истиқлол»
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Вазири нақлиёти кишвар Хайрулло Асоев дар ҷараёни сафараш ба ноҳияҳои Айниву Панҷакент (28-29 декабри соли 2013) ба роҳсозону нақбканон дар мавриди ислоҳи чуқуриҳои фарши нақби «Истиқлол»супоришҳои мушаххас дода буд. Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербутаев, корҳои ҳамворкунӣ дар фарши Истиқлол баъд аз супориши вазир фавран сар шуда, то 7-уми соли равон беш аз 60% иҷро шудаанд.Ба гуфти манбаъ, қариб 700 метри мукааби фарши нақб таҷдид шудааст. Ҳамчунин 40 метри мукааб пасмондаҳо ва партовҳоро аз даруни нақб бароварданд. Дар ҷойҳое, ки об ҷорӣ мешавад, ҳамчунин шағал рехта шуд. Ҳарчанд об то ҳол ҷорист, вале сатҳи чуқуриҳои мавҷуда алҳол ҳамвор гаштанд. Ба ҷуз аз ин 10 адад чароғакҳои нақб иваз шуданд.Ба гуфти С. Шербутаев, барои корҳои таҷдид 2 тонна маводи сӯхт бо супориши вазир дастрас гардид, ҳамчунин 10 тоннаи дигар аз ҳисоби захираҳои мутамаркази вазорат таъмин мешавад. Корҳои ҳамворкунии фарши нақби «Истиқлол» бо суръат идома доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






