Як соли АИТ ва вазифаҳои соли 2014-и он

Январь 11, 2014 12:11

Душанбе, 10 январ (АМИТ «Ховар»).-Дар маҷлис ҳисоботи мухтасари Академияи илмҳои ҶУмҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаи асосии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2014» баррасӣ гардид.Натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти илмии АИ ҶТ дар соли 2013Доир ба рӯзномаи маҷлис, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ ва вазифаҳои дарпешистода ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти АИ  Ҷ Т муҳокима шуд. Дар маҷлис ба 5 нафар олимони ҷавони кишвар, ки дар озмун ғолиб омадаанд, Диплом ва ҷоизаҳои АИ барои олимони ҷавон супурда шуд.Рӯзи 06 декабри соли 2013 Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Т. Ҷабборова, вазири маориф ва илми ҶТ Н.С. Саидов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоназаров С. иштирок намуданд.Дар моҳи августи соли 2013 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об, баргузор гардид, ки дар он 900 намоянда аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.Дар омода намудан ва баргузор гардидани Конфронси мазкур олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ саҳми назаррас гузоштанд. Вобаста ба ин дар маҷлис ба якчанд нафар кормандони Институт ифтихорномаҳои АИ ҶТ супорида шуданд. Соли 2013 Раёсати АИ 34 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 84 қарор ва 243 амри президенти АИ ҶТ доир ба фаъолияти илмӣ, илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявию хоҷагидории АИ қабул гардиданд. Ба мақсади дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидан ва ба фаъолияти бештари илмӣ ҷалб намудани онҳо, Раёсати АИ ҶТ пешниҳоди президенти АИ ҶТ Ф.Қ. Раҳимовро дар бораи аз 1 январи соли 2014 дар АИ ҶТ таъсис додани 5 ҷоизаи навро барои олимони ҷавон дастгирӣ намуд.Бо пешниҳоди президенти АИ ҶТ Ф.Қ. Раҳимов ба мақсади дар назди муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ таъсис додани магистратураҳо ва таҳким бахшидан ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ вазифаи “муовини директор оид ба илм” ба вазифаи “муовини директор оид ба илм ва таълим” табдил дода шудДар соли ҳисоботӣ ба АИ 1550 ҳуҷҷат ворид ва аз АИ 1520 ҳуҷҷат содир шудааст. Аз ин миқдор РАИ ҶТ якҷоя бо олимону мутахассисони АИ дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ ва лоиҳаҳои қарори ҲҶТ ва иттилооти дигар зиёда аз 930 ҳуҷҷатро сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудаанд.Соли 2013 ба мақсади иҷрои супоришҳои ҲҶТ, Раёсати АИ ҶТ бо тартиби муқараргардида 3 лоиҳаи қарори ҲҶТ-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба ҲҶТ пешниҳод намуд. Барои саҳми калон дар рушди илми ҷумҳурӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот бо Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013 5 нафар олимони ҷумҳурӣ сазовор гардидаанд.Дар соли 2013 дар Тоҷикистон 14 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мекард;Ҳамагӣ соли 2013 дар шӯроҳои диссертатсионии ҶТ 219 рисола, аз ҷумла 16 рисолаи докторӣ ва 203 рисолаи номзадӣ дифоъ гаштааст, ки нисбат ба соли 2012 51% кам аст.Дар 1 ШД АИ ҶТ 2 рисолаи докторӣ ва 13 рисолаи номзадӣ дифоъ гаштаанд. Дар ШД-ии Тоҷикистон 71 нафар шаҳрванди ҶИЭ, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон дифоъ намуданд. Аз ҷадвал бармеояд, ки 81% РД ва 90% РН-и, ки соли 2013 дар ҷумҳурӣ дифоъ гардидаанд фақат ба 4 самти илм, аз ҷумла: тиб, филология, педагогӣ ва иқтисодӣ рост меояд. Соли 2013 дар самтҳои илмҳои: физика, математика, химия, геология, техникӣ, кишоварзӣ, фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, география ШД фаъолият надоштанд. Дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва илмӣ-техникӣ соли 2013 санадҳо миёни Созишномаи ҳамкории илмӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СХШ) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника, Лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон ва АИ ҶТ, Созишномаи байни Комиссияи аттестатсионии ҶТ ва Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тайёр кардан ва аттестатсия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогии тахассуси олӣ, Лоиҳаи барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2013-2017 байни АИ ҶТ ва Агентии давлатӣ оид ба масъалаҳои илмӣ, навоварӣ ва иттилоотии Украина имзо карда шуд.Дар соли 2013 муассисаҳои илмии АИ ҳамагӣ 45 конфронсу симпозиумҳои илмӣ, семинарҳо, мизи мудаввар, машваратҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ баргузор намуданд, аз ҷумла:Соли 2013 кормандони АИ ҶТ дар 400 чорабинии илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 10 симпозиум, 3 форум, 223 конфронс, 80 семинар ва 21 ҷаласаи мизи мудаввари байналмилалӣ, семинарҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Муносибати комплексӣ ба истифодабарӣ ва коркарди ангишт”, ки онро Институти химия ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, АИ ФР, Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов гузаронидааст. Дар конференсия доираи васеи масъалаҳо вобаста ба захираҳои ангишт, дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар соҳаи химия ва технологияҳои коркарди ангишт, аз ҷумла мушкилоти газификатсияи ангишт ва ҷиҳатҳои ба ин алоқаманди экологӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима гардидааст.Семинари 3-юми байналмилалӣ доир ба нурҳои кайҳонӣ бо иштироки олимони Италия, Япония, Боливия, ФР, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки онро Институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умаров гузаронидааст. Дар семинари мазкур масъалаҳои омӯзиши шуоъҳои кайҳонӣ дар таҷрибаҳои баландкӯҳӣ, аз ҷумла дар Помир, дар Қазоқистон ва дар куҳи Чақалтой (Боливия) ва алоқаи байни таҳқиқоти шуоъҳои кайҳонӣ ва зарраҳои элементарӣ дар суръатфизоҳои СЕРН (Шветсария) муҳокима гардиданд. Семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ дар соҳаи сейсмология, ки онро Хадамоти геофизикии АИ ҶТ бо иштироки коршиносони Вазорати энергетикаи ИМА, Ассотсиатсияи муассисаҳои тадқиқотӣ дар соҳаи сейсмологияи ИМА, Хадамоти геофизикии ИМА, намояндагони Сафорати ИМА дар Душанбе баргузор намудааст. Дар семинар масъалаҳои ҳамкории минбаъда доир ба проблемаҳои муҳими сейсмологӣ баррасӣ шудаанд.Дар соли ҳисоботии соли 2013 аз матбааи АИ 86 номгӯи китобу маҷаллаҳо дар ҳаҷми 1430 ҷузъи чопӣ ва теъдоди 23140 нусха аз чоп баромад.Вазифаҳои АИТ дар соли 2014 Дар соли 2014 АИТ фаъолияташро дар идома додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ тибқи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ дар доираи Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва 7 барномаҳои давлатӣ, ки амалӣ намудани онҳо ба зиммаи АИ ҶТ вогузор кардааст.Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳое, ки дар «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ва дар барномаҳои дигари давлатӣ, ки то соли 2020 ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ мешавад. Дар соли 2014 мо бояд инчунин ба иҷрои вазифаҳои зерин аҳамияти хосса диҳем:• иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёдкунӣ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд. • вусъат додани корҳо ҷиҳати ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумхурӣ ба муассисаҳои АИ ҶТ тибқи “Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015. Васеъ ҷорӣ кардани тарзи таҳсили магистратура дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ• идома додани корҳои илмӣ ҷиҳати иҷрои Созишномаҳое, ки АИ ҶТ бо Академияҳои илмҳои давлатҳои ИДМ ва Марказҳои илмии давлатҳои дигар ба имзо расонидааст.Истифодаи мақсаднок ва самараноки манбаҳои буҷетӣ ва ҷустуҷӯйи манбаъҳои нави маблағгузории ғайрибуҷетӣ ҷиҳати такмил додани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмии АИ ҶТҚабули ҷораҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти патентиву-литсензионӣ дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ.Соли 2014 бояд барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ, кӯшиш ба харҷ диҳем ва омодагиро ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисор давом диҳем.Ҳамчунин олимони Академияи илмҳо бояд дар гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар маросимҳои миллӣ фаъолона ширкат варзанд.

Январь 11, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад