Ёрии «Меҳнат» ба муҳоҷирон
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар»).- Тайи рӯзҳои аввали соли 2014 беш аз 250 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия сафар кардаанд, дар созмони суғуртавии «Меҳнат» ҳуҷҷатҳои суғуртавии тиббӣ ба даст оварданд. Барои беҳдошти дастрасии шаҳрвандон ба суғуртаи тиббӣ дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд намояндагиҳои созмони «Меҳнат» фаъолият доранд. Хотирнишон месозем, ки ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи тиббӣ санади муҳими муҳоҷирони меҳнатие гардидааст, ки барои иҷрои кор ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Ин ҳуҷҷат шакли ҳифзи иҷтимоии манофеи шаҳрвандон барои ҳифзи тансиҳатии онҳо ба шумор меравад. Дар ин бора созмони суғуртавии «Меҳнат» хабар медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






