Зарари офати табиӣ-зиёда аз 3 миллион
Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар идораи маъмурии ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб бо иштироки хабарнигорони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид. Рамазон Неъматов, сардори ситоди мазкур аз дастовардҳои фаъолияти яксолаи хизматии кормандон ба хабарнигорон маълумот дода, гуфт, ки дар соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб як ҳодисаи фавқулода бо хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд. 29 марти соли 2013 дар натичаи боридани боронҳои сахт, жола ва омадани сел ба деҳаҳои Чойлобкамар, Янгиюл, Чубек, Ҳаёти нави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сатҳи оби домани кӯҳҳо зиёд шуда, ба маҳаллаҳои ҷамоатҳои номбурда зарари моддӣ расонид. Ҳаҷми маблағи умумии зарари офати табиӣ дар ноҳия 3 млн. 138 ҳазору 057 сомониро ташкил дод. Зикр шуд, ки дар ин давра 260 ҳодисаи дорои хусусияти техногенӣ ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии зарари он зиёда аз 1 млн. сомониро ташкил дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






