«Зебосанам»-сазовори ҷоизаи «ТЭФИ-Иттиҳод»

Январь 16, 2014 14:39

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Яке аз руйдодҳои муҳими фараҳбахш дар соли 2013 барои кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» ба ҷоизаи Фестивали 3-юми байналмилалии телевизионии «ТЭФИ – Иттиҳод» сазовор гаштани барномаи «Зебосанам» мебошад. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 16 январ муовини аввали МД «Телевизиони «Сафина» Карим Азизов ба хабарнигорон иброз дошт.Ӯ иттилоъ дод, ки фестивал аз 20 то 23 сентябри соли 2013 дар шаҳри Одессаи Украина таҳти унвони «Форматҳои муосири барномаҳои фароғатӣ дар телевизионҳои давлатҳои ИДМ» баргузор гардид. Ба ин фестивал 52 барномаи телевизионӣ пешниҳод шуда, аз он 12 барномаи беҳтарин соҳиби ҷоиза гардид.Бояд гуфт, «Сафина» маротибаи дуюм аст, ки ба ҷоизаи ин фестивал сазовор мешавад. Дар Фестивали 2-юми байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Иттиҳод», ки соли 2012 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, барномаи «Навори вопасин» аз силсилаи «Рисолаи таърихӣ» сазовори ҷоиза шуда буд.

Январь 16, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш