111 садамаи нақлиётӣ дар як моҳ

Февраль 11, 2014 09:52

                  Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-    Тавре ки аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, аз аввали соли 2014 то имрўз  дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ  111  садамаи  нақлиётӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он  25 нафар ҳалок гардида,  144  нафари дигар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ  дар беморхонаҳо  бистарӣ  гардид.
Дар ҳафтаи гузашта аз 3 то 9 феврал дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 8 садамаи  нақлиётӣ  ба қайд гирифта шуд, ки дар он 2  нафар ба  ҳалокат расида, 7  нафари дигар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо  бистарӣ  шуд.    
 
 
 

Февраль 11, 2014 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш