Ғолиби «Ғунчаҳои умед» муайян шуд

Февраль 24, 2014 09:27

Хоруғ, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Мактаби санъати  бо номи Қурбоншо  Ноёбшоев  ғолиби озмуни вилоятии «Ғунчаҳои умед» дониста шуда, ҳайати эҷодии  ин мактаб  аз сӯи  шуъбаи фарҳанги вилоят  бо мукофот  қадрдонӣ гардид. 
      Тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи фарҳанги вилоят  дарсҳои амалии  мактаби санъати шаҳри Хоруғ  аз тарафи шуъбаи фарҳанги вилоят мавриди санҷиш қарор гирифтанд.  Ба  думболи натиҷагирӣ аз  санҷиш мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбе  оид ба  мавқеи назарраси  мактабҳои санъат дар тарбияи завқи бадеӣ  ва зебопарастии  истеъдодҳои наврас  сухан ронда,  изҳор дошт, ки  соли 2013 –ум барои  мактабҳои санъати вилоят  дар таълиму  тарбияи  кӯдакони ҳунарманд  бобарор буд.  
    Муҳиддин Пайшанбе  инчунин   изҳор дошт, ки мактаби санъат дар ояндаи наздик  ба  коллеҷи санъат табдил меёбад. 
 

Февраль 24, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад