Ғолиби «Ғунчаҳои умед» муайян шуд
Хоруғ, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Мактаби санъати бо номи Қурбоншо Ноёбшоев ғолиби озмуни вилоятии «Ғунчаҳои умед» дониста шуда, ҳайати эҷодии ин мактаб аз сӯи шуъбаи фарҳанги вилоят бо мукофот қадрдонӣ гардид.
Тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи фарҳанги вилоят дарсҳои амалии мактаби санъати шаҳри Хоруғ аз тарафи шуъбаи фарҳанги вилоят мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Ба думболи натиҷагирӣ аз санҷиш мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбе оид ба мавқеи назарраси мактабҳои санъат дар тарбияи завқи бадеӣ ва зебопарастии истеъдодҳои наврас сухан ронда, изҳор дошт, ки соли 2013 –ум барои мактабҳои санъати вилоят дар таълиму тарбияи кӯдакони ҳунарманд бобарор буд.
Муҳиддин Пайшанбе инчунин изҳор дошт, ки мактаби санъат дар ояндаи наздик ба коллеҷи санъат табдил меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






