Ғолиби мусобиқа — тими «Дастгоҳи марказии ВКД»
Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки аз 21 январи соли ҷорӣ идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур, 42 даста (16 даста аз 35-сола боло ва 26 даста то 35-сола) байни ҳам қувваозмоӣ намуда, барои ба даст овардани ғолибият аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дастаҳои пешсаф дар даври ниҳоӣ барои гирифтани Ҷоми мусобиқа талош варзиданд.
Дастаи ширкати мобилии «Вавилон» дар байни футболбозони то 35-сола сазовори ҷойи якум гардида, ҷойи дуюм насиби дастаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ҷойи сеюм насиби дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид.
Миёни дастаҳои ғолиби мусобиқа оид ба футболи хурд байни футболбозони аз 35-сола боло ҷойи якум насиби дастаи «Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ»; ҷойи дуюм насиби дастаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон; ҷойи сеюм насиби дастаи «Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон» ва «Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД» гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






