Қаҳрамониҳои милитсияи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Карате ню-фул контакт” ва “Кикбоксинг”, ки чанде қабл дар Теҳрон доир гардид, ширкат варзида, бо медали тилло ба Ватан баргаштанд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз синни 18 то 35-сола аз 10 давлат, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Тоҷикистон, Туркия, Тайланд, Олмон, Покистон, Эрон, Русия ва Ҷопон иштирок карданд.
Сарвиноз Розибекова, донишҷӯи курси сеюми Академияи ВКД, сержанти милитсия, ки яке аз иштирокдорони ин мусобиқа аст, мегӯяд: «Ман дар вазни 50 кг бо ҳарифони худ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дастболо шуда, соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардидам. Албатта, барои ба мақсад расидан кӯшишу заҳмати зиёд намудам, зеро ҳеҷ як ғалаба ба осонӣ ба даст намеояд. Ғайр аз ин, меҳнату заҳмати устодон дар вақти машқу тамрин низ бефойда набуд. Ман аз маслиҳату роҳнамоии онҳо пайваста истифода мебарам. Бинобарин, ин дуюмин медали тиллои ман аст. Аввалинашро тобистони соли 2013 дар шаҳри Иссиқкули Қирғизистон дар мусобиқаи «таэквандо-кикбоксинг» соҳиб гашта будам».
Иштирокчии дигари ин мусобиқа лейтенати калони милитсия Зулфалӣ Латифов, корманди дастаи таъиноти махсуси милитсия, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқа дар вазни 67 кг баромад намуда, сазовори медали тилло гардид.
Инчунин, Муҳаммад Чақалов, узви Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни 80 кг қувваозмоӣ намуда, сазовори медали тилло гардид.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи байналмилалии “Карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг” инчунин миёни наврасон Абдуллои Мирзо, Сафархони Юсуф, Эмомназар Нуров, Рустам Нуров, Манучеҳри Назривалӣ, Меҳрубони Маҳмадалӣ ва миёни ҷавонон бошад, Мадина Ғаффорова, Мустафо Давлатов, Ҷомӣ Латифов сазовори медали тилло гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони мо, ҳатто аз ҷопониҳо, ки ихтироъгари ин намуди варзишанд, пешсаф гардида, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов варзишгарони номбурдаро ба ҳузур пазируфта, бо ғолибияташон табрик намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






