Қадамҳои устувор дар самти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 12.002.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуан Мендез -маърузачии махсус оид ба шиканҷа, Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон қарор дошт.
Шукурҷон Зуҳуров дар оғози мулоқот гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба муқобилият бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсониро ба тасвиб расонида, пайваста дар амалӣ намудани он кӯшиш менамояд». Мавсуф афзуд, ки дар ин росто мақомоти қонунгузории кишвар низ барои решакан намудани шиканҷа дар ҳаёти ҷомеа талош менамоянд. Дар ин самт қабул гардидани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои қонунгузории кишвар қадамҳои ҷиддӣ ба шумор мераванд.
Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез омодагии ин созмони бонуфузро бобати густариши ҳарчи бештари ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён кард. Маърузачии махсуси СММ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар самти ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон қадамҳои устувор гузоштааст ва умедворем, ки ин иқдоми давлати Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






