Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2014 16:27

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
 
аз 4 феврали соли 2014 №98
ш. Душанбе
 
Дар бораи аз вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди
давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» озод намудани
Амонуллои Ҳукуматулло
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амонуллои Ҳукуматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» озод карда шавад.
 
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
 
аз 4 феврали соли 2014 №99
ш. Душанбе
 
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии
«Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъин намудани
Зоиров А.И.
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Зоиров Асадулло Исматович иҷрокунандаи вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъин карда шавад.
 
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Ашуралӣ Кенҷаевич аз вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
 

 
 
 

 
 

Февраль 4, 2014 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш