Қарор дар бораи ихроҷи шаҳрванди ҶТ лағв шуд
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР қарор дар бораи ихроҷи шаҳрванди ҶТ лағв шуд
Назар ба хабари хадамоти матбуоти муассисаи мазкур, шаҳрванди ҶТ, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Шӯҳрат Мазбутов ба намояндагӣ муроҷиат кард. Мувофиқи суханони арзкунанда, суди ноҳияи Митишии вилояти Маскав дар мавриди аз қаламрави ФР хориҷ намудани вай қарор қабул карда будааст.
Бо мусоидати намояндагӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои арзкунанда ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда шуданд, ки мувофиқи қоидаҳои қонун дар Федератсияи Русия фаъолият доштани ӯро тасдиқ мекунанд. Суди вилояти Маскав дар асоси маводҳои пешниҳодшуда дар бораи лағви қарори суди ноҳияи Митиши ҳукм баровард. Шӯҳрат Мазбутов ҳамчунин аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл, ки дар қарори суди ноҳияи зикршуда пешбинӣ шуда буд, озод карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






