Қарори Маркази исломии Тоҷикистон
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири ба тартиб овардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ қарор қабул намуд, ки тибқи он имоматӣ дар ҷаноза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва раиси Шӯрои уламо вобаста ба сатҳи ҳузур ва мақоми ишғолкардаашон вогузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангуи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дода афзуд, дар замимаи ин қарор бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳаби ҳанафӣ доир ба тартиби имомат дар намози ҷаноза чунин зикр шудааст:
Барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майит сазовортар аст”. (“Мухтасар-ул виқоя”, с.28)
“Беҳтарин мардум барои имом шудан дар ҷанозаи майит султон аст, агар ҳозир бошад. Агар ҳозир набошад, мустаҳаб аст, ки имоми қаря, баъд аз он валии майит тақдим карда шавад”. (“Мухтасар-ул-Қудурӣ”,ҷ.1, с.281)
“Дар “Фатвои кубро” омадааст: Шахсе пеш аз вафот васият кунад, ки бар ӯ фалон кас намози ҷаноза гузорад, васият ботил (бекор) мебошад. Фатво бар ҳамин аст”. (“Фатвои ҳиндӣ”, ҷ.1, с.450)
Насиҳати Имоми Аъзам (р.ҳ) ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим:
“Хондани хутбаҳои никоҳ ва баргузории намози ҷаноза ва идайнро ба хатиби ноҳия ва минтақаи худ вогузор кун!” (Ашботу ва назоир саҳ.372)








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






