Қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ гардид
Душанбе, 28.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ҳабдаҳум «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, ба қисми 6-уми моддаи 53-и қонуни мазкур тағйирот ворид шуд.
Тибқи он минбаъд ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне таъйин мешаванд, ки синнашон на кам аз 30 ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он се сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ гузашта бошад.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ, ки қонуни мазкурро дар иҷлосия шарҳ медод, гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағийрот ба қонуни мазкур дар амал татбиқ намудан ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ дар самти ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура таъйин намудани шаҳрвандон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






