Қурби асъор: Доллар ба поён, евро ба боло
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА паст шуд ва ба ҳисоби миёна 4,9436-4,9680 сомониро ташкил дод.
Дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ низ паст шуда, ба 0,1395-0,1405 сомонӣ барробар шуд. Қурби евро бошад, баракс баланд гардида, ба 6,7244-6,7425 сомонӣ баробар гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, 20 феврал қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,9480-4,9660 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд ба 4,9700-4,9800 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба 4,9400-4,9700 сомонӣ баробар буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






