Қурби доллари ИМА паст шуд
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар охири ҳафтаи гузашта бинобар андешидани чораҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ — фурӯши асъори нақди хориҷӣ, қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна то ба 4,9300-4,9500 сомонӣ паст шуд.
Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, ба 0,1410-0,1420 сомонӣ ва бо евро каме баланд гардида, ба 6,7046-6,7234 сомонӣ баробар шуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзҳои шанбе ва якшанбе қурби миёнаи доллари ИМА дар ин ҳудуд боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо то ба 4,9300-4,9450 сомонӣ поин рафт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






