12 ярмаркаи ҷойи кор дар як сол
Фархор, 08.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Фархор аз тарафи шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва ҷамоатҳои деҳот 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа 421 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид, ки 111 нафарашон занону духтаронанд, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фархор Раъно Мирзоева.
Дар ин давра ба 32 нафар шаҳрванди бекор, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ машғул шуданро дошт, 97 ҳазору 100 сомонӣ қарз дода шуд. Инчунин агентӣ дар ин давра 3019 ҷойи нави корӣ таъсис дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 — ум 4 адад зиёд мебошад. Дар як соли сипаригардида аз тарафи шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 123 нафар 51 ҳазору 766 сомонӣ кумакпулӣ таъйин шуда, 176 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






