Ҳаҷми боркашонӣ дар соли 2013 — 72,6 млн. тонна

Февраль 13, 2014 11:56

 Душанбе,  13. 02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Соли гузашта барои Вазорати нақлиёт соли бобарору хотирмон буд, зеро нақбҳои «Шаҳристон» ва «Шар-шар» кушода шуданд»,-гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ Асозода Хайрулло, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
      Тибқи иттилоъ, корҳои бунёду барқарорсозӣ дар доираи 18 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 849,8 млн. доллари ИМА идома ёфта, дар давоми сол лоиҳаҳои бунёди нақбҳои «Хатлон» ва «Шаҳристон», таҷдиди роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи 2) ва пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод  бо истифодаи 179,2 млн. доллари ИМА анҷом дода шуданд.
    Аз суханҳои вазир бармеояд, ки соли сипаригардида 18 км роҳ бо 5 адад пул ва 9,7 км нақби мошингард тибқи талаботи замонавӣ бунёду таҷдид шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин таввасути ҳама намудҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ ҳаҷми боркашонӣ 72,6 млн. тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 6,2 фоиз афзудааст. 

Февраль 13, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш