Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ коҳиш ёфт

Февраль 6, 2014 11:24

Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Соли  2013  ҳаҷми истеҳсоли барқ  тавассути  неругоҳҳои  барқӣ 14  миллиарду  149 миллиону  400  киловатт – соат ва тавассути  маркази  гармидиҳӣ  128  ҳазор  гекалл  нерӯи  барқро  ташкил дод,  ки  ин, нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  2012  баробари 223  миллиону  300  ҳазор  киловатт – соат  камтар  аст. Муовини  аввали  раиси  ҶСХК «Барқи  тоҷик»  Мирзо  Иброҳимов  дар   нишасти  матбуотӣ  дар  ин  бора  хабар  дод.  
 
Мирзо  Иброҳимов   ҳамчунин  зикр  намуд, ки  яке  аз  сабабҳои  асосии   коҳиш  ёфтани  ҳаҷми  истеҳсоли  неруи  барқ  мавҷуд  набудани  имконияти  судури  неруи  барқи  зиёдатӣ  дар  фасли тобистон  аст. Соли  2013   ҳаҷми содироти  неруи  барқ  965  миллиону  300  ҳазор  киловатт – соатро  ташкил  дод,  ки аз  ҷумлаи он  937  миллиону  400  ҳазор  киловатт —  соат  ба  Афғонистон  ва 27  миллиону  900  ҳазор  киловатт — соат ба  Қирғизистон интиқол  дода шуд.
 
ҶСХК «Барқи  тоҷик» дар  давраи  ҳисобот 2 миллиарду  732  ҳазору  200  киловатт – соат   неруи  барқро  ба  маблағи  292  миллиону  100 ҳазор  сомонӣ  харид  намуд. 

Февраль 6, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад