Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ коҳиш ёфт
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли барқ тавассути неругоҳҳои барқӣ 14 миллиарду 149 миллиону 400 киловатт – соат ва тавассути маркази гармидиҳӣ 128 ҳазор гекалл нерӯи барқро ташкил дод, ки ин, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 223 миллиону 300 ҳазор киловатт – соат камтар аст. Муовини аввали раиси ҶСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Иброҳимов дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Мирзо Иброҳимов ҳамчунин зикр намуд, ки яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ мавҷуд набудани имконияти судури неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон аст. Соли 2013 ҳаҷми содироти неруи барқ 965 миллиону 300 ҳазор киловатт – соатро ташкил дод, ки аз ҷумлаи он 937 миллиону 400 ҳазор киловатт — соат ба Афғонистон ва 27 миллиону 900 ҳазор киловатт — соат ба Қирғизистон интиқол дода шуд.
ҶСХК «Барқи тоҷик» дар давраи ҳисобот 2 миллиарду 732 ҳазору 200 киловатт – соат неруи барқро ба маблағи 292 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харид намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






