Ҳадаф-фаҳмонидани раванди имтиҳонсупории тестӣ
Б. Ғафуров, 24.02.2014. (АМИТ “Ховар”, Самад Юсуфӣ).-Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ба таври оммавӣ дастраси тамоми табақаҳои аҳолӣ гардонидани раванди тестӣ ва фаъолияти Маркази миллии тестӣ вохӯрии роҳбар-ҳамоҳангсози Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд Бозорбой Розиқов бо аҳолии ноҳия баргузор шуд.
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур паҳн намудани афзалият ва фаъолияти Маркази миллии тестӣ дар байни тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз соли 2014 шуруъ карда, қабул ба донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи тестӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ дар ҷумҳурӣ 68 нуқтаи бақайдгирии довталабон, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 нуқтаи бақайдгирӣ (гимназияи №1-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва мактаби №15-и ҷамоати деҳоти Унҷӣ) ва 5 нуқтаи маркази имтиҳонӣ ташкил шудааст. Бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои муқарраргардида аз 1 март то 15 апрел гузаронида мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар”мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаев иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






