Ҳафтаи дарҳои кушод дар Хуҷанд
Душанбе, 27.02.2014 (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Шурӯъ аз 28 феврал то 7 март дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи дарҳои кушод эълон шудааст.
Тибқи иттилои сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод ин иқдом ҷиҳати муташаккилона гузаронидани раванди бақайдгирии довталабон, барои ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мешавад. Садорати факултаҳои донишгоҳ муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати муташаккилона гузаронидани ҳафтаи дарҳои кушод тамоми тадбирҳоро андешида, довталабоне, ки хоҳиши боздид аз факултаҳоро доранд, бояд пурра аз фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бардошт намоянд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Раёсати донишгоҳ ба унвони сардори Раёсати маорифи вилоят баҳри тарғиб ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар ҳафтаи дарҳои кушод мактуб низ ирсол гаштааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






