Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиётӣ

Февраль 20, 2014 20:06

 
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода). — Дар садамаи нақлиётие, ки дирӯз дар шоҳроҳи Душабе-Турсунзода ба вуқуъ пайваст, 4 нафар ҳалок ва 3 нафар маҷруҳ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, ронандаи мошини тамғаи «Opel Vectra» Шӯҳратҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор дар назди боғи «15-солагии Ҳисор» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Hyundai»,таҳти идораи ронанда Ёқубҷон Шоев, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки аз самти н.Шаҳринав ба самти ш.Душанбе ҳаракат мекард, бар мехурад.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ронандаи мошини «Opel Vectra» бо 2 мусофираш ва як мусофири машини «Hyundai» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи «Hyundai» бо 2 мусофираш  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
 
 
 

Февраль 20, 2014 20:06

Хабарҳои дигари ин бахш