Ҳамкории байналмилалии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» тайи соли 2013 бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ барқарор намуда, ширкатҳои хориҷӣ барои такмили фаъолияти корхона саҳм гузоштанд, — гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов.
Анвар Мақсудов ҳамчунин зикр намуд, ки дар ҳошияи сафари расмии Президенти Австрия ба Тоҷикистон ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия соли 2013 Ёддошт дар бораи ҳамфикрию ҳамкории байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва ширкати «Freduentis AG» — и Австрия имзо шуда, ба туфайли ин дар ҳамаи бунгоҳҳои вобаста ба идораи ҳавопаймоҳо ва бехатарии парвоз 18 ҷойи кории системаи робитаи садоии ширкати Австрия мавриди истифода қарор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






