Ҳисор: масоҳати гармхонаҳо меафзояд

Февраль 5, 2014 16:02

Ҳисор, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ободии Ҳисор қарзи имонӣ, виҷдонӣ ва инсонии ҳар яки мост, -иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов.
«Ман боварии комил дорам, ки баъди сохтмони зиёда аз 200 иншооти ҷашнӣ симои Ҳисор ба куллӣ дигар шуда ва ба як мулки ободу зебо табдил хоҳад ёфт.  Дар ин бобат мо аз дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат хеле миннатдорем», -гуфт ӯ дар идомаи суханаш.
Дар масоили кишоварзӣ сухан ронда,  раиси ноҳия гуфт: «Масоҳати гармхонаҳоро соли ҷорӣ аз 3 гектар ба 12 гектар хоҳем расонд». 
Аз 8 нерӯгоҳе, ки дар ҳудуди ноҳия аст, 7-тоаш ба таври доимӣ фаъолият дорад.
Имсол ба аҳолии ноҳияи Ҳисор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион киловатт-соат қувваи барқ зиёдтар дода шудааст.  
 
 
 

Февраль 5, 2014 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш