Ҳунар- чашмаи зоянда ва давлати поянда

Февраль 6, 2014 09:10

Турсунзода, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ҳоло дар литсеи касбии металлургии шаҳри Турсунзода зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос касб меомӯзанд. Литсеи мазкур соли 1976 таъсис ёфта, асосан ҳамчун манбаи асосии тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» буду ҳаст.Соли гузашта 280 нафар хонада литсейро аз рӯи 10 ихтисос бомуваффақият хатм намуд. Аз ин шумора, 121 нафар ба КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ба кор рафта, 57 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуда, 21 нафар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва 81 нафар ҷои кори озодро интихоб намуд.Литсей дорои 66, 43 гектар замини корами обӣ ва 38, 63 га замини лалмӣ буда, ҳамасола аз заминҳои мазкур ҳосили хуби пахта, гандум, шолӣ ва зағиру нахӯд рӯёнида мешавад.

Февраль 6, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд