Ҷаласаи раисони парлумонҳо дар Теҳрон
Душанбе, 15.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-18-19 феврали соли 2014 дар Теҳрон иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор мегардад, ки дар он ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони Конфронси Исломӣ созмони байналмилалии байнидавлатӣ буда, 57 кишвари мусулмоннишинро ба ҳам муттаҳид менамояд ва қароргоҳаш шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудист.
Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шудааст. Кишвари мо дар доираи узвияташ ба ин созмон ҳамеша ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳони ислом аст. Созмони мазкур имрӯз бузургтарин ва бонуфузтарин созмони мусулмонӣ дар миқёси ҷаҳон буда, ҳадафҳои расман эъломнамудаи он «таҳкими ҳамдилии исломӣ, тақвияти талошҳои давлатҳои мусулмонӣ, баррасӣ ва таҳияву танзими муносибати яксон дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир ба хотири хайру рифоҳи мардумони мусулмон» мебошад.
Оинномаи Созмони мазкур, ки соли 1972 қабул шудааст, баробарии комили давлатҳои аъзо, адами мудохила дар умури дохилӣ, эҳтироми ҳуқуқи худмухторӣ, ҳаққи ҳокимият, истиқлол, инчунин принсипҳои асосии Созмони Конфронси Исломиро таҷассум менамояд. Созмони мазкур дорои мақоми нозир дар Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Женева намояндагии доимӣ дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






