Ҷаласаи Шӯрои ММ МО ҶТ
Душанбе, 26.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа беш аз 20 масъалаи марбут ба рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар баррасӣ гардида, ҷиҳати ҷонибдорӣ ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардо, 27 феврал дар Душанбе баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд. Дар ҷаласа аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуданд. Роҷеъ ба масъалаҳои матраҳгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар, Саймурод Тағоев, Убайдулло Қурбонов ва Ҷумъа Давлатов- ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ -намояндаи ваколатдори Президенти кишвар дар Парлумон ибрози назар намуда, моҳияти онҳоро тавзеҳ доданд. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Саидов матраҳ шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






