Ҷамъбасти даври аввали бақайдгирӣ дар ММТ
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ “Ховар», Зарангези Латиф).- Давраи аввали семинари омӯзишӣ барои омода кардани бақайдгирандагон аз 4-ум то 7-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Тавре ки дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар дод, мутахассисони марказ дар давоми 4 рӯз ба ду гурӯҳи шунавандагон, ки аз 56 нафар иборат буданд, доир ба ҷараёни бақайдгирии довлаталабон бо истифода аз технологияи муосир дарсҳои амаливу назариявӣ созмон дода, ба тариқи санҷиш 42 нафарро ба кори мавсимӣ интихоб карданд: 7 нафар роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, 7 нафар ёвари онҳо ва 28 нафар бақайдгиранда .
Теъдоди масъулони бахши бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт ҳамчун масъули ин кор фаъолият хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар давоми як моҳ силсилаи семинарҳо дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ: вилояти Суғд аз 11-ум то 14-уми феврал, вилояти Хатлон аз 18-ум то 21-уми феврал, ВМКБ аз 25-ум то 26-уми феврал баргузор мешавад.
Тибқи эълони пешакӣ ба 20 бунгоҳи бақайдгирӣ, ки аз ҷониби марказ дар 11 шаҳру навоҳии кишвар таъсис дода шудааст, 164 нафар ҳуҷҷат супурдаанд. Аз байни иштирокдорон дар маҷмӯъ 120 нафари арзанда ба ҳайси бақайдгирандагони оянда интихоб мешавад.
Бояд зикр намуд, ки давраи бақайдгирии довталабон ба муассисаҳои олии кишвар аз 1-уми март то 15-уми апрел идома меёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






