Ҷамъбасти солонаи Шӯрои машваратӣ ва нақшаҳо барои соли 2014

Февраль 7, 2014 10:18

Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ- ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ»- таҳти чунин унвон дирӯз дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и Душанбе мизи мудаввар доир гардид. 
Тавре ки дар ин бора аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори мизи мудаввар намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар нишаст намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров ва шарикони рушди Тоҷикистон Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Ричард Джонс, муовини роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо Овидиу Мик  маърӯза намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соли 2014  пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шўрои машваратӣ дар соли 2013 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шўро барои соли 2014, инчунин мубодилаи афкор байни шарикони рушд буд. 

 
 
 
 
 

Февраль 7, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад