Ҷамъбасти солонаи Шӯрои машваратӣ ва нақшаҳо барои соли 2014
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ- ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ»- таҳти чунин унвон дирӯз дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и Душанбе мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори мизи мудаввар намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар нишаст намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров ва шарикони рушди Тоҷикистон Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Ричард Джонс, муовини роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо Овидиу Мик маърӯза намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соли 2014 пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории мизи мудаввар ҷамъбасти дастовардҳои Шўрои машваратӣ дар соли 2013 ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шўро барои соли 2014, инчунин мубодилаи афкор байни шарикони рушд буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






