Ҷанговарони интернатсионалист дар Душанбе ҷамъ меоянд

Февраль 12, 2014 10:55

     Душанбе, 12.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 феврали соли 2014 аз хуруҷи ҷузъу томҳои  Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 25 сол сипарӣ мегардад. 
         Дар ин росто раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси муроҷиати Иттиҳоди интернатсиалистони  собиқадори ҷумҳурӣ қарор ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати баргузории чорабинӣ вобаста ба ин санаи таърихӣ 15 феврал дар назди муҷассамаи А. Мироненко, воқеъ дар кӯчаи Маяковский аз соати 8:00 то соати 10:00  иҷозат дода шуд. 
    Ҳадаф аз ин чорабинӣ гиромидошти поси хотири қурбониён ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозони Артиши собиқ  Шӯравӣ дар Афғонистан аст, ки тӯли даҳ сол дар ин кишвар қарзи интернатсионалистӣ ба ҷо овардаанд. 

Февраль 12, 2014 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд