Ҷаримаи ду бекор, ду донишҷӯ, раиси маҳалла ва муҳосиб

Февраль 14, 2014 09:20

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2014 бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи вайронкунии қонунгузории маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба моҳи январи соли гузошта 29 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи оид ба корҳи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд 22, вилояти Хатлон 12, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ва шаҳри Душанбе 6 ададро таш кил медиҳад. Аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар миёни онҳо 3 нафар масъули тарабхона, 2 нафар муваққатан бекор, 2 донишҷӯ, 1 сароянда, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб ва 1 муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд.

Февраль 14, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд