Ҷавонон бар зидди нашъамандиянд

Февраль 17, 2014 09:45

Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ноҳиявии Ҷамъиятии мададгори мудофиа, Комиссариати ҳарбӣ, инчунин шуъбаҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур бо хонандагони литсеи туризм, якчанд коллеҷи касбию техникии Душанбе мулоқот намуданд.
Дар мулоқот оид ба  мушкилоти истеъмоли маводи нашъаовар сухан рафт. Ҷавонон дар вохӯрӣ оид ба мушкилоти нашъамандӣ  фикру ақидаи худро баён намуданд. 
Мутахассисони агентӣ ба ҷамъомадагон дар бораи зарари истеъмоли маводи нашъаовар ва  оқибати фоҷиаовари он сухан гуфтандд. 
 
 
 

Февраль 17, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш