Ҷиҳатҳои нави хамкорӣ

Февраль 18, 2014 10:52

Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Аз  1  январи  соли 2014  муассисаҳои  боздошти   шаҳрвандони  хориҷӣ ва шаҳрвандоне, ки бояд  бо  қарори  маъмурият аз  қаламрави  Федератсияи  Русия хориҷ  шаванд,  дар  ихтиёри   Хадамоти  федералии  муҳоҷират  вогузор  шудаанд.
 
Дар  робита бо  ин,  бо  мақсади   таҳкими   ҳамкории  намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР бо  роҳбарияти   марказҳои  будубоши  муваққатии   шаҳрвандони  хориҷӣ  вохӯриҳо  анҷом  дода  мешаванд. 
 
«Мо  тайёрем, ки  аз рӯи  ҳамаи   масоили   марбут ба   зудтар  ба  ватанашон  фиристодани   шаҳрвандони ба  қонуншиканӣ  роҳдодаи  Тоҷикистон  бо  намояндагони  сохторҳои  давлатии  Тоҷикистон  зич  ҳамкорӣ  намоем», —  гуфт   сардори Маркази  будубоши  муваққатии   шаҳрвандони  хориҷӣ  дар  шаҳри  Маскав Георгий  Фомин.

Февраль 18, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш