Ҷиноятро пешгирӣ мебояд
Шурообод, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии ҷомеа, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноятсодиркарда, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зери назорати қатъии мақомоти ҳифзи хуқуқ қарор дорад. Ба иттилои раиси ноҳия Амирхон Икромов дар як соли сипаригардида аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия 66 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 70 фоизро ташкил дод. Дар ин давра аз тарафи шуъбаи корҳои дохилӣ бо бурдани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар байни аҳолӣ ба миқдори 9,585 кг героин, 44 г афюн, 26,85 кг ҳашиш, 1003,43 кг нашъа, 13 адад яроқи тамғаи оташфишон, 4 адад тирдон ва 3 адад корди ҳарбӣ мусодира шудааст.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






