20 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуд
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон Шукурҷон Юсупов, соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Прокуратура ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодие, ки хусусияти коррупсионӣ доштанд, диққати махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷа дар ҳудуди назоратии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҳамагӣ 20 ҳолати ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодие, ки хусусияти коррупсионӣ доштанд, ба қайд гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шуд.
Бо парвандаҳои ҷиноятӣ зарар ба маблағи 563.079 сомонӣ муайян карда шуда, 527.938 сомонии он дар ҷараёни тафтиши пешакӣ барқарор гардид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






