6 сокини ВМКБ наметавонад ба Русия равад

Февраль 27, 2014 14:40

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷиҳати огоҳ намудани шаҳрвандоне, ки пас аз бозгашт дубора ба Федератсияи Русия сафар кардан мехоҳанд, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ мебарад. 
 Бо истифода аз маълумоти электронии Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, кормандони Раёсат дар давоми ду ҳафта 78 нафар муроҷиаткунандаро  барои муайян сохтани ихроҷ аз  қаламрави Федератсияи Русия санҷиданд. 
 Зимни ин санҷишҳо маълум гардид, ки 6 нафар барои вайрон намудани қонунгузории Федератсияи Русия ба муддати се сол ҳуқуқи ба ин кишвар ворид шуданро надорад.
Бо ҷорӣ шудани чунин низоми кор, ҳар рӯз ба ин раёсат аз 10 то 15 нафар шаҳрванд тавассути телефон ё ба таври шифоҳӣ барои пайдо намудани маълумот пеш аз сафар муроҷиат менамояд.
 
 

Февраль 27, 2014 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад